Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории “Хатлон Инвест-2025”

      Санаи 11-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории “Хатлон Инвест-2025” баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатии муқими кишвар ва доираҳои соҳибкорию сармоягузории ватанию хориҷӣ иштирок намуданд.

      Ҳадаф аз баргузории Форуми мазкур ин муаррифии имкониятҳои сармоягузории вилояти Хатлон, ҷалби сармояи хориҷӣ, хусусан сармояи мустақим ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят, инчунин тақвияти хамкории байниминтақавӣ, дар маҷмуъ, баланд бардоштани иқтидори содиротии вилоят ва таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо шарикони рушд мебошад.

      Пас аз қисмати расмӣ, кори Форум дар се бахш – «Сармоягузорӣ барои рушди устувори минтақаҳо: шарикӣ бо бахши хусусӣ ва табдили Хатлон ба маркази иқтисодии муосир», «Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ» ва «Аз замин то бозор: рушди занҷираи арзиш дар кишоварзӣ, содирот ва коркарди маҳсулоти маҳаллӣ дар вилояти Хатлон» идома ёфт.

      Ҳамзамон дар ҳошияи Форум намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон ташкил карда шуд.

      Дар доираи Форум доираҳои соҳибкорию сармоягузорӣ ва меҳмонону иштирокдорони Форум бо фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Бохтару Норак шинос гардида, аз мавзеъҳои ҷолиби вилояти Хатлон дидан намуданд.

      Дар натиҷаи мулоқоту тавофуқоти дар доираи Форум ҳосилшуда миёни доираҳои тиҷоратию сармоягузорӣ 30 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии беш аз 900 миллион сомонӣ ба имзо расонида шуд.

       

      АКСҲО:

      11.11.2025
      15
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО