Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Сухани табрикотии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур ба муносибати Рӯзи байналмилалии соҳибкории занон

      Муҳтарам соҳибкорзанон, 

      Пешбарандагони илҳомбахши рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон!

      Бо самимияти беандоза Шуморо ба муносибати Рӯзи байналмилалии соҳибкории занон табрику таҳният мегӯям!

      Ин рӯзи фараҳбахш на танҳо ҷашни комёбиҳои занон дар соҳаи соҳибкорӣ аст, балки нишонаи арҷгузорӣ ба ҷасорат, заҳмату устуворӣ ва нақши муассири Шумо дар рушди ҷомеа ва давлат мебошад.

      Занони соҳибкор дар Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз неруҳои муҳимми иқтисоди миллӣ ба шумор мераванд. Шумо на танҳо оилапарвару фарзандтарбиякунанда, балки ташаббускори ғояҳои нав, офарандаи ҷойҳои корӣ ва ҳамдасти фаъоли ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ низ мебошед.

      Имрӯз, ки Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ворид гардидааст, саҳми Шумо дар таъмини устувории бозори меҳнат, рушди соҳибкории хурду миёна ва мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ниҳоят назаррас аст.

      Мо бо ифтихор мебинем, ки шумораи занони соҳибкор сол ба сол афзуда, доираи фаъолияти онҳо васеъ мегардад. Шумо дар соҳаҳои муҳими кишоварзӣ, хизматрасонӣ, истеҳсолот, тиҷорат, фарҳанг ва ҳатто технологияҳои муосир фаъолона ширкат меварзед.

      Маҳз бо шарофати иродаи қавӣ ва масъулиятшиносии Шумо, имрӯз бонувони тоҷик дар байни ҷомеа мавқеи устувор пайдо намудаанд ва ҳамчун намунаи ифтихор барои дигарон хизмат мекунанд. Нақши Шумо дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҷомеа низ арзишманд аст.

      Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти олии кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз ташаббусҳои созандаи Шумо пуштибонӣ менамоянд ва барои таҳкими нақши зан дар ҷомеа шароити мусоиди ҳуқуқӣ ва иқтисодиро фароҳам меоранд. Барномаҳо, имтиёзҳо ва дастгириҳои молиявӣ барои соҳибкорзанон далели равшани ин гуфтаҳоянд.

      Бонувони гиромиқадр, 

      Боварии комил дорам, ки минбаъд низ бо кӯшишу ғайрати бонувони соҳибкор рушди иқтисоди миллӣ ва беҳбудии зиндагии мардум суръати нав хоҳад гирифт. Шумо - раҳнамои насли ҷавон, намунаи ибрат барои духтарон ва ифтихори тамоми ҷомеа ҳастед.

      Бори дигар ҳамаи Шумо бонувони азизро ба муносибати Рӯзи байналмилалии соҳибкории занон табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатию сарбаландӣ, хонаи обод ва дар фаъолияти пурмасъулатон барору комёбиҳо орзумандам.

      Идатон муборак бонувони соҳибкор!


      19.11.2025
      20
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО