Санаи 19-уми ноябри соли 2025, дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар оид ба муаррифӣ ва баррасии имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони мақомоти давлатӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва намояндагони бахши хусусии Корея иштирок намуданд.
Зимни суханронии ифтитоҳӣ муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Юсуфзода Фаррух Юсуф қайд намуд, ки робитаҳои иқтисодии миёни Тоҷикистону Корея сол ба сол вусъат ёфта, имрӯз заминаҳои мусоиди ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ фароҳам оварда шудаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтарсозии муҳити сармоягузорӣ, соддагардонии расмиёти иҷозатдиҳӣ, густариши шарикиҳои тиҷорӣ ва ҷалби технологияҳои муосир ба соҳаҳои иқтисодӣ, маҷмӯи тадбирҳои иловагӣ ва ислоҳоти институтсионалиро татбиқ мекунад.
Ҳамзамон, аз ҷониби масъулини Кумита презентатсияи муфассал оид ба иқтидорҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунгузории самти сармоягузорӣ, кафолатҳои ҳуқуқӣ, механизми созишномаи сармоягузорӣ, ҳамкории давлатӣ бо бахши хусусӣ ва самтҳои афзалиятнок ва манфиатбахш барои сармоягузорӣ пешниҳоди иштирокчиён карда шуд.
Дар чорабинӣ таваҷҷуҳи бештар дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетикаи сабз, саноати коркард: коркарди маъдан, саноати нассоҷӣ, агросаноат, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсия, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ карда шуд.
Ҳамчунин ба иштирокчиён чорчӯби қонунгузории сармоягузорӣ, шароити дастгирии давлат, шарҳ дода шуд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар, ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тақвияти робитаҳои иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳор карданд.

Русский
English
18