Санаи 20-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба корҳои сохтмонии ду лоиҳаи нави энергетикӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон оғоз бахшиданд.
Дар доираи ин лоиҳа дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт бунёд карда мешавад.
Ҳар ду иншоот бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз ҷониби ширкатҳои ватанию хориҷӣ бо арзиши 250 миллион доллари амрикоӣ сохта шуда, баъд аз ба истифода додани онҳо сатҳи барқтаъминкунӣ ба аҳолӣ беҳтару хубтар гардонида мешавад.
Лоиҳаи сохтмони неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт барои таъмини 115 ҳазор хоҷагӣ бо неруи барқ ва кам кардани партовҳои гази карбон ба атмосфера дар масоҳати 750 гектар бо арзиши 125 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мешавад.
Бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт то моҳи августи соли 2026 идома ёфта, дар корҳои сохтмонии он наздики 600 кас ба кор ҷалб мешаванд, ки аксари онҳоро коргарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳи мазкур 30 сокини маҳаллӣ ба кор таъмин мешавад.
Корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун аз ҷониби сармоягузори маҳаллӣ - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Аён Энерҷӣ ва паймонкор - Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” дар ҳамкорӣ бо ширкати чинӣ ба анҷом расонида мешавад.

Русский
English
63