Санаи 20-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Певшои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо пахши тугмаи рамзӣ 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққумро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Дар доираи лоиҳа 6 гидроагрегат ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти неругоҳ пурра навсозӣ ва иқтидори истеҳсол дар он 60 МВт зиёд карда шуд.
Неругоҳ аз 6 гидроагрегат иборат буда, охирини он соли 1956 бо тавоноии лоиҳавии 21 МВт ба кор дароварда шуда буд.
Дар тули 69 соли фаъолият, гидроагрегат ва дигар таҷҳизоти асосии неругоҳ куҳна шуда, иқтидори истеҳсолии он то 12 МВт коҳиш ёфта буд.
Аз соли 2019 бо дастгирӣ ва иқдому ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои навсозӣ дар иншоот шуруъ гардида, дар муддати қариб 7 сол 6 гидроагрегати неругоҳ пурра навсозӣ ва иқтидори ҳар яки онҳо ба 29 МВт расонда шуд.
Дар доираи қисми яки лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи Қайроққум бо ҷалби шарикони рушд ва мутахассисони дохилию хориҷӣ то имрӯз таҷҳизоти толори мошинҳо, дастгоҳи идоракунии турбинаҳо, трансформаторҳои системаи ангезишӣ, дастгоҳи идоракунии зери фишор, системаи идоракунии гидроагрегат, 7 трансформатори иқтидорашон гуногун ва дигар дастгоҳҳои асосӣ бо дастрасии онҳо аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо иваз карда шуда, ба ҷойи дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220/110 кВ дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазӣ насб гардид.
Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи навсозӣ, сарбанди неругоҳ мустаҳкам карда шуда, 5 крани борбардор низ навсозӣ шуд.
Қабл аз оғози корҳои навсозӣ истеҳсоли миёнаи солонаи неруи барқ дар неругоҳ 650 млн. кВт. соатро ташкил медод. Пас аз навсозии 6 гидроагрегати неругоҳ ва пайваст намудани он ба шабакаи барқи, иқтидории истеҳсол ба 900 млн.кВт. соат расонида шуд.

Русский
English
106