Санаи 26-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода дар ҳошияи сеюмин Форуми иқтисодии Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказӣ дар мизи мудаввар дар мавзӯи “Муҳити соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ” иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҷараёни суханронӣ Султон Раҳимзода зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҷоди муҳити мусоиди сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва амалисозии ислоҳоти институтсионалӣ тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намуда истодааст.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти соддагардонии расмиёти иҷозатдиҳӣ, рушди инфрасохтори дастгирии соҳибкорӣ, мусоидат ба фаъолияти сармоягузорон ва беҳтарсозии механизмҳои ҳимояти ҳуқуқии соҳибкорон қадамҳои устувор гузошта истода, дар ин замина, ҷалби сармояи хориҷӣ яке аз омилҳои калидии рушди устувори иқтисоди миллӣ арзёбӣ мегардад.
Дар ин замина, омодагӣ барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ иброз гардид.
Ҳамзамон, дар мизи мудаввари мазкур масъалаҳои марбут ба рушди бахшҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноати коркард, энергетика, нақлиёту логистика, сайёҳӣ, технологияҳои рақамӣ, инчунин беҳтарсозии заминаҳои ҳуқуқии фаъолият ва ҳавасмандсозии сармоягузорон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар охир Раиси Кумита изҳори умедворӣ намуд, ки натиҷаи муҳокимаронӣ ва табодули назар дар ин мизи мудаввар ба густариши шарикии созанда, татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.

Русский
English
59