Рӯзҳои 24-25 ноябри соли 2025 муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Муҳамадзариф Раҳмон дар ҷаласаи 9-уми Гурӯҳи корӣ оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ», ки бо ташаббуси Комиссияи иқтисодии Созмони Миллали Муттаҳид барои кишварҳои Аврупо (UNECE) дар шаҳри Женеваи Швейтсария баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар кори ҷаласа намояндагони давлатҳои узв, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба такмили механизмҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, афзалиятҳои ҷалби сармоягузорӣ дар инфрасохтор, идоракунии устувори лоиҳаҳо, нақши шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва ҷалби технологияҳои инноватсиониро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар суханронии худ муовини Раиси Кумита Шарифзода Муҳаммадзариф бо ишора ба нақши шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар рушди лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ, раванди ислоҳот ва такмили чаҳорчӯби ҳуқуқию институтсионалии соҳаро муаррифӣ намуда, омодагии Тоҷикистонро барои густариши ҳамкорӣ бо Комиссияи иқтисодии СММ барои кишварҳои Аврупо, ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва сармоягузорони хусусӣ изҳор ва зарурати дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ, устувор ва технологиро дар ин самт таъкид намуд.
Ҳамзамон, дар ҳошияи чорабинии мазкур вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода ва муовини Раиси Кумита Шарифзода Муҳаммадзариф бо сардори бахши ҳамкориҳо ва шарикии шуъбаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва савдои Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Аврупо Тони Боннусӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масоили марбут ба густариши ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодии Созмони Миллали Муттаҳид барои кишварҳои Аврупо, дастгирии лоиҳаҳои нави техникӣ ва омӯзишӣ, такмили чаҳорчӯбаи танзимии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин имкониятҳои баланд бардоштани иштироки кишвар дар барномаҳои минтақавии иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Русский
English
96