9-уми декабри соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода корхонаи нави маҳсулоти алюминийи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Алюминийи аввалинро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Азизов Хуршед дар якҷоягӣ бо ширкати хориҷии Treks Muhandislik ба истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ - 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати умумии 6,2 га замин бунёд шудааст. Корҳои бунёдӣ дар корхонаи маҳсулоти алюминӣ аз моҳи октябри соли 2022 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд бунёд гардидааст.
Иншооти нав дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бунёд шуда, яке аз корхонаҳои муҳими саноати коркарди алюминий дар мамлакат ба шумор меравад. Корхона бо хатҳои пешрафтаи технологӣ муҷаҳҳаз буда, имконият дорад 40 намуд профилҳои алюминӣ ва дар як сол 10 ҳазор тонна маҳсулоти баландсифат истеҳсол намояд.
Бо ба кор даромадани корхона барои сокинони маҳаллӣ 160 ҷойи кори доимӣ омода шудааст.
Маҳсулоти корхона ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ буда, дар баробари таъмини бозори дохилӣ, имкони содирот ба кишварҳои хориҷиро низ фароҳам месозад.
Ифтитоҳи ҶДММ Алюминийи аввалин боз як қадами муҳими амалисозии сиёсати созандаи роҳбарияти давлат дар роҳи таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.
Дар фарҷом Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳр дидан карданд. Дар он корхонаҳои маҳаллӣ маҳсулоти худ, навовариҳо ва имкониятҳои истеҳсолиашонро ба намоиш гузоштанд. Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба рушди минбаъдаи саноат, коркарди ашёи хоми ватанӣ, ба хусус алюминии аввалия, ивази воридот ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти тайёр дастуру тавсияҳо доданд.

Русский
English
36