Имрӯз, дар шаҳри Душанбе Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати металлургии тоҷик» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан имзо гардид.
Корхонаи мазкур ҷиҳати истихроҷ ва коркарди маъдани оҳану дигар маъданҳои ҳамроҳ ва истеҳсолу содироти маҳсулоти босифат аз он бо ҷалби сармояи ватанӣ бунёд ва бо технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мегардад.
Корхона дар ду марҳила бунёд ёфта, марҳилаи аввали он то соли 2027 ва дуюмаш то соли 2031 ба кор дароварда мешавад. Иқтидори лоиҳавии солонаи корхона истихроҷ ва коркарди 2,5 миллион тонна маъдан буда, аз он 1,1 миллион тонна консентрати истеҳсолӣ ба даст меояд.
Корхонаи мазкур натанҳо ивазкунандаи воридот аст, балки қисми зиёди маҳсулоташ ба содирот нигаронида шудааст.
Ҳоло дар корҳои сохтмонӣ 600 нафар мутахассиси маҳаллӣ ва хориҷӣ ба кор ҷалб шуда, пас аз ба кор даромадани марҳилаи аввали корхона 1200 нафар ва баъди пурра омода шудани корхона дар он беш аз 2000 нафар бо кори доимӣ ва моҳонаи хуб таъмин хоҳанд шуд.
Имзои созишномаи сармоягузории мазкур қадами муҳим дар самти ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷию ватанӣ ва таҳкими иқтидори истеҳсолию саноатии кишвар ба ҳисоб меравад.

Русский
English
2 198