Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вохӯрии Раиси Кумита Султон Раҳимзода бо Директори Шурои директорони ширкати маъруфи индонезии “Bakrie Group” ҷаноби Налин Ратҳод баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои сармоягузориро баррасӣ намуда, оид ба ҷалби сармоя ба бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла саноати куҳӣ, металлургия, энергетика ва сохтмон табодули афкор анҷом доданд.
Ҷониби индонезӣ барои омӯзиши имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Русский
English
2 173