Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баргузории Форуми тиҷоратии «Тоҷикистону Япония»

      Санаи 19-уми декабр дар шаҳри Токиои Япония аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони рушди савдои хориҷии Ҷопон (JETRO) Форуми тиҷоратии «Тоҷикистону Япония» ташкил карда шуд, ки дар кори роҳбарону намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусии ду кишвар иштирок намуданд.

      Дар маросими ифтитоҳии Форум вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдурахмонзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва муовини иҷроияи президенти JETRO ҷаноби Такафуми Судзуки бо сухани муқаддимотӣ баромад намуда, имконият ва самтҳои минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

      Инчунин ба иштирокчиён тавассути навори видеоӣ имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ қарда шуд.

      Дар доираи ҷаласаи интерактивӣ  аз ҷониби директори генералии КВД «Tojinvest»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Дилшод Ҷӯразода муаррифинома дар мавзӯи муҳити сармоягузорӣ ва механизмҳои амалии пешбурди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон манзури иштирокчиён карда шуд, ки дар он роҷеъ ба масъалаҳои ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, рақамисозии иқтисод, рушди энергетикаи «сабз» ва дурнамои шарикии давлат ва бахши хусусӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

      Дар доираи Форум байни мақомоти дахлдори давлатӣ ва бахши хусусии ду кишвар як қатор санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, зимни ҷаласаи ғайрирасмии нетворкинг иштирокчиёни Форум имконият пайдо намуданд, то дар самтҳои мушаххаси ҳамкориҳои минбаъда табодули афкор намоянд.

      Баргузории Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Япония қадами муҳим дар роҳи таҳкими минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ҷонибҳо ба ҳисоб меравад.

      АКСҲО:

      19.12.2025
      231
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО