Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон

      20 декабри соли 2025 дар шаҳри Токио Форуми тиҷоратии «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» баргузор гардид.

      Дар кори форум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷопон, инчунин сарони давлатҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

      Ҳадафи асосии баргузории ҳамоиш таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон буда, таваҷҷуҳи махсус ба самтҳои рушди сабз ва устувор, рақамикунонӣ, молия, рушди зарфияти инсонӣ ва таҳкими низоми иҷтимоии мусоид барои тиҷорат зоҳир гардид.

      Дар анҷоми кори форум Сарвазири Ҷопон хонум Санаэ Такаичи суханронӣ намуда, иштирокчиён, сарони давлатҳо ва намояндагони доираҳои соҳибкории кишварҳоро хайрамақдам гуфт.

      Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон, аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ як қатор санадҳои муҳими нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

      Аз ҷумла:

      • Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон дар бораи рушди минбаъдаи муносибатҳо ҷиҳати эҷоди ҳамкории мутақобилан судманд;
      • Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ;
      • Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод, савдо ва саноати Ҷопон дар соҳаи саноат;
      • Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон барои солҳои 2026–2028;
      • Ёддоштҳои табодулӣ ва Созишномаи грантӣ оид ба татбиқи “Лоиҳаи таҷдиди таҷҳизоти сканкунии борҳо дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен дар масири байналмилалии Транскаспий”;
      • Созишномаи грантӣ дар бораи татбиқи лоиҳаи «Бунёди зеристгоҳи барқии 220 кВ барои шаҳри Душанбе»;
      • Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати замин, инфрасохтор, нақлиёт ва сайёҳии Ҷопон;
      • Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидории Ҷопон;
      • Ёддоштҳо оид ба татбиқи “Лоиҳаи таҳкими низоми коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” тавассути Барномаи рушди СММ.

      Ҳамчунин, дар ҳошияи Бизнес-форуми минтақавии «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» ва Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Ҷопон як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд, аз ҷумла:

      • Ёддошти тафоҳум миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Masui Co., Ltd”;
      • Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати ҷопонии “Curtis Creek Co., Ltd” дар самти пешбурди содироти маҳсулоти нассоҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
      • Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази муҳандисии метеорологии Ҷопон;
      • Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва ширкати “Splice-Lab Co., Ltd” оид ба омода намудани муҳандисони маҳаллӣ дар соҳаи сохтмони пулҳо;
      • Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи ҷопонии “Sansei Corporation” ҷиҳати қабули мошинҳои мобилии тиббӣ.

      Дар маҷмӯъ, аз рӯйи натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷопон наздики 20 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки онҳо ба густариши минбаъдаи муносибатҳои стратегӣ ва таҳкими ҳамкориҳои амалии ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.

      АКСҲО:

      20.12.2025
      160
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО