Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Суханронии Раиси Кумита дар Форуми тиҷоратии «Осиёи Марказӣ + Ҷопон»

      Санаи 20 декабри соли 2025 дар шаҳри Токиои Ҷопон дар доираи Форуми тиҷоратии «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» ҷаласаи панелӣ таҳти унвони «Рушди сабз ва устуворӣ» баргузор гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлаии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода иштирок ва суханронӣ намуд.

      Зимни баромади худ Султон Раҳимзода самтҳои афзалиятноки сиёсати сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар заминаи гузариш ба иқтисоди сабз муаррифӣ намуда, ба иқтидори бузурги кишвар дар соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус гидроэнергетика, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. Ҳамзамон, зарурати татбиқи технологияҳои устувор ва аз лиҳози экологӣ тоза дар соҳаҳои саноат, нақлиёт ва инфрасохтори шаҳрӣ таъкид гардид.

      Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягузорӣ, рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ, рақамикунонии равандҳои сармоягузорӣ ва густариши ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҷопонӣ дар самтҳои сармоягузориҳои сабз, самаранокии энергетикӣ, молиягузории устувор ва рушди захираҳои инсонӣ зоҳир карда шуд.

      Раиси Кумита ҳамзамон ҳавасмандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷалби сармоягузориҳои ҷопонӣ ва истифодаи таҷрибаи пешрафта дар татбиқи лоиҳаҳое, ки ба ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва баланд бардоштани устувории иқлимии минтақа равона шудаанд, таъкид намуд.

      Дар фарҷоми суханронӣ омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ҷопон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ дар доираи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак иброз гардид.

      АКСҲО:

      20.12.2025
      114
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО