Санаи 8-уми январи соли 2026 ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа роҳбарияти Кумита, сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Исмоилзода, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, ташкилотҳои система, инчунин роҳбарони раёсату шуъбаҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Раиси Кумита Султон Раҳимзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2025, аз ҷумла вобаста ба ҷалби сармояи мустақими хориҷию ватанӣ, ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, чораҳои андешидашуда ҷиҳати беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ, вазъи идора ва истифодаи самараноки молу мулки давлатӣ гузориш дод.
Дар ҷараёни ҷаласа, инчунин ҳисоботҳои роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, ташкилотҳои система ва раёсату шуъбаҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар маҳалҳо шунида шуда, натиҷаҳои фаъолияти онҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Аз рӯи натиҷаҳои масъалаҳои дар ҷаласаи ҳайати мушовара баррасигардида, ҷиҳати тақвияти фаъолияти минбаъдаи Кумита, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, такмили механизмҳои ҷалби сармоя, истифодаи мақсадноки молу мулки давлатӣ, инчунин таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва нишондиҳандаҳои барномаҳои давлатӣ дар соли 2026 ба роҳбарони сохторҳои марбута дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Русский
English
42