Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Дар Тоҷикистон нахустин лоиҳаи нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт амалӣ мегардад

      Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин лоиҳаи бузурги энергетикаи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт татбиқ мегардад, ки марҳалаи навро дар рушди энергетикаи «сабз» ва инфрасохтори муосири кишвар оғоз мебахшад.

      Санаи 13 уми январи соли 2026 Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Аён Энерҷӣ» ба имзо расид, ки сохтмон ва мавриди истифода қарор додани ду нерӯгоҳи бузурги фотоэлектрикиро пешбинӣ менамояд, аз ҷумла:

      • Нерӯгоҳи фотоэлектрикӣ бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ашт,
      • Нерӯгоҳи фотоэлектрикӣ бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ҷайҳун.

      Мавриди зикр аст, ки неругоҳи барқӣ офтобӣ бори аввал дар таърихи Тоҷикистон бо чунин иқтидори бузург амалӣ гардида, намунаи равшани гузариш ба истифодаи манбаъҳои алтернативии энергия ба шумор меравад.

      Татбиқи лоиҳа дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни Паемашон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардиданд, ва чорабиниҳои давлатии марбут ба рушди энергетикаи сабз сурат мегирад.

      Нерӯгоҳҳои офтобӣ ба тақвияти истиқлолияти энергетикии кишвар, коҳиши норасоии мавсимии нерӯи барқ, хусусан дар фасли зимистон, сабук намудани сарбории низоми энергетикӣ ва таъмини устувори аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ бо нерӯи барқ мусоидат менамоянд.

      Дар доираи лоиҳа сармоягузор ӯҳдадор мешавад, ки корҳои лоиҳакашӣ, сохтмон ва ба истифода додани нерӯгоҳҳои офтобиро дар давоми соли 2026 ба анҷом расонад.

       Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 250 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

       Ин лоиҳа рамзи қадами ҷиддии Тоҷикистон ба сӯи энергетикаи сабз, иқтисоди устувор ва ояндаи аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, барои ноил гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.

      АКСҲО:

      13.01.2026
      163
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО