Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Ислоҳоти муҳим дар низоми иҷозатдиҳӣ: Тоҷикистон фазои маъмуриро барои соҳибкорону сармоягузорон боз ҳам мусоидтар намуд

      Тоҷикистон яке аз ислоҳотҳои муҳиму фарогир дар солҳои охирро амалӣ гардонид, ки дар пайи он  44 номгӯйи ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳидошта ва 43 зернамуди фаъолияти онҳо бекор карда шуд.

      Ҳамзамон бо ин, шумораи умумии иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ аз 208 то 164 номгӯй ва мақомоти иҷозатдиҳанда аз 33 ба 30 мақомот коҳиш дода шуд.

      Ислоҳоти амалишуда бевосита се гурӯҳи асосии абзорҳои танзимкунандаро дар бар гирифта, ба соддагардонии муҳити соҳибкорӣ ва баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории кишвар нигаронида шудааст. Аз ҷумла, шумораи иҷозатномаҳои амалкунанда аз 78 то 68, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ аз 71 то 56 ва санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ аз 56 то 37 коҳиш дода шуд.

      Ин ислоҳот бо ворид намудани тағйирот ба қонунгузории самти низоми иҷозатдиҳӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 17-уми декабри соли 2025 ба тасвиб расида, аз 23-юми декабр эътибор пайдо кардааст, сурат гирифт.

      Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ ислоҳот оид ба такмили қонунгузории самти низоми иҷозатдиҳӣ, рақамикунонӣ ва дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим намудани муносибатҳо марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодааст.

      Дар марҳилаи аввал, бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз соли 2023 шумораи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ 72 номгуй ё 25 дарсад коҳиш дода шуда, аз 280 номгуй ба 208 номгуй расонида шуда буд.

      Дар маҷмуъ, бо амалигардонии ин тадбирҳо, на танҳо шумораи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳӣ барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ зарурӣ, балки ҳамчунин асосҳои ҳуқуқиеро, ки мақомоти давлатӣ метавонанд дар заминаи онҳо санҷишҳоро оғоз намоянд, коҳиш мебахшад.

      Инчунин, иқдоми мазкур дар баробари соддагардонии равандҳои иҷозатдиҳӣ, сарборӣ ва хавфҳои маъмуриро барои субъектҳои соҳибкорӣ ба таври назаррас коҳиш дода, сатҳи шаффофияту самаранокиро баланд бардошта, барои рушди устувори соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ заминаи мусоид ва пешгуишавандаро фароҳам меоварад.

      Ин ислоҳотҳо нишон медиҳад, ки Тоҷикистон омода аст дар роҳи эҷоди муҳити соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ бо назардошти равандҳои ҷаҳонӣ ҳамқадам бошад ва барои ҷалби сармояи хориҷӣ мавқеи рақобатпазир дошта бошад.

      Матни пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” – ро метавонед дар зер боргирӣ намоед:

      Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон №2219 аз 17-уми декабри соли 2025 .pdf
      2.06 Mb

      10.01.2026
      78
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО