Санаи 27-уми январи соли 2026 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботӣ-интихобии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амвол» баргузор гардид, ки дар кори он раиси Кумита Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло ва аъзоёни ҳизб иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амвол» оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025 шунида шуда, вазифаҳо барои соли 2026 муайян гардиданд.
Дар идома, масъалаҳои дигари марбут ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ тибқи тартиб мавриди баррасӣ қарор дода шуда, оид ба ҳар як масъалаи баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Инчунин нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои соли 2026 ва нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Ҳамзамон масъалаи омӯзиш ва шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баррасӣ гардид.
Дар фарҷоми маҷлис ба як қатор кормандони Кумита, ки ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфта шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Русский
English
48