Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

      Имруз, дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш оид ба ба шарҳу тавзеҳи Паёми Паёми Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”баргузор гардид.

      Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

      Раиси Кумита Султон Раҳимзода зимни суханронии муқаддимотӣ қайд намуд, ки Паёми Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва барномаи роҳнамо барои рушди устувори кишвар ба ҳисоб рафта, татбиқи амалии он саҳми фаъол, масъулиятшиносӣ ва иштироки васеи тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан ҳайати кормандони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро тақозо менамояд.

      Ҳамзамон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Дӯстмуродзода Сураё ва Наботзода Сиёвуш Холмурод дар ҳамоиш баромад намуда, муҳтавои асосӣ, ҳадафҳо, ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва самтҳои афзалиятноки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври муфассал ба ҳайати кормандони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ шарҳу тавзеҳ доданд.

      Қайд гардид, ки дар Паём Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас муайян намуданд.

      Дар ҷараёни муҳокима табодули афкор сурат гирифта, масъалаҳои марбут ба татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, тақвияти рушди устувори иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

      Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади сарнавиштсози давлатӣ на танҳо самтҳои афзалиятноки рушди кишварро муайян менамояд, балки барои тамоми сохторҳои давлатӣ масъулияти мушаххас ва дурнамои равшани фаъолияти минбаъдаро муқаррар месозад.

      АКСҲО:

      27.01.2026
      42
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО