Санаи 4-уми феврали соли 2026 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Форуми B5+1 таҳти унвони “Беҳтаргардонии муҳити соҳибкорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади вусъат додани ҳамкориҳо байни доираҳои соҳибкории Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Осиёи Марказӣ” баргузор гардид, ки дар кори он ҳайатҳои баландпояи ҳукуматҳо ва доираҳои соҳибкорию сармоягузории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Штатҳои Муттаҳидаи Амрико иштирок намуданд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми мазкур таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Раҳимзода Султон иштирок дорад.
Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳии Форум Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода ҳавасмандии баланди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Штатҳои Муттаҳидаи Амрикоро ҷиҳати таҳким ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд қайд намуда, формати C5+1-ро ҳамчун платформаи муассиру амалӣ барои рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба ва татбиқи ташаббусҳои муштарак арзёбӣ намуд.
Таъкид гардид, ки Саммити «Осиёи Марказӣ – ИМА» ва конфронси соҳибкорие, ки моҳи ноябри соли 2025 дар шаҳри Вашингтон баргузор шуд, ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ такони нав бахшиданд.
Дар ҷараёни суханронӣ инчунин ба иқтидори сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои амалишаванда ҷиҳати беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ, рушди иқтисоди «сабз», энергетика ва технологияҳои рақамӣ, инчунин ҳавасмандии кишвар ба густариши ҳамкорӣ бо ширкатҳои амрикоӣ ишора гардид.
Форуми B5+1 кори худро дар шакли ҷаласаҳои панелӣ ва муҳокимаҳои мавзӯӣ идома медиҳад.

Русский
English
58