Дар ҳошияи Форуми B5+1 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо як қатор роҳбарони ҳайатҳо ва доираҳои сармоягузорӣ мулоқоту вохуриҳо доир намуд.
Дар мулоқот бо намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масъалаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серджио Гор масъалаҳои густариши ҳамкориҳои минбаъда дар самти рушди соҳибкорӣ, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни мулоқоти раиси Кумита бо вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов ҷонибҳо атрофи дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои саноат ва сармоягузорӣ, инчунин чорабиниҳои муштараки дарпешистода табодули назар намуданд.
Ҳамзамон, дар ҳошияи Форум раиси Кумита бо Директори Агентии сармоягузории назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Равшанбек Сабиров, инчунин бо як қатор соҳибкорон ва сармоягузорони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқоту вохӯриҳо анҷом дод.

Русский
English
33