Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

      Имрӯз, 11-уми феврали соли 2026 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳабдаҳуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло баргузор гардид.

      Дар ҷаласа муовини Раиси Шӯро – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, аъзои Шӯро – вазирони адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, раисони кумитаҳои давлатии идораи замин ва геодезӣ, меъморӣ ва сохтмон, муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ», Сардори Хадамоти алоқа, муовини раиси вилояти Суғд, инчунин раисони шаҳрҳои Истаравшан ва Бӯстон иштирок намуданд.

      Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва ҷалби бештари сармояи хусусӣ ба иқтисоди миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

      Дар ҷараёни муҳокима чор лоиҳаи нави шарикии давлат ва бахши хусусӣ пешниҳод гардида, пас аз баррасии ҳамаҷониба оид ба амалисозии онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

      Татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар соҳаҳои афзалиятноки иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ – тандурустӣ, маориф, алоқа ва фарҳанг – ба роҳ монда шуда, ҳаҷми умумии маблағгузорӣ беш аз 82,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Маблағгузории лоиҳаҳо пурра аз ҳисоби сармояи бахши хусусӣ таъмин гардида, ба беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасониҳо ва рушди инфрасохтори иҷтимоӣ мусоидат хоҳад кард.

      Механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат буда, тавассути ҳамкории мутақобилан судманди давлат ва соҳибкорон ба рушди инфрасохтор, беҳтарсозии муҳити сармоягузорӣ ва таҳкими рақобатпазирии иқтисодиёт мусоидат менамояд.

      АКСҲО:

      11.02.2026
      34
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО