Санаи 21-уми феврали соли 2026 бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи ноҳияи Рӯдакӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сарсабзу хуррамгардонии Ватан ва тақвияти корҳои ободонию созандагӣ роҳандозӣ гардид. Татбиқи чунин иқдомҳо ба беҳтар гардидани вазъи экологӣ, коҳиш ёфтани таъсири омилҳои номатлуби муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи аҳолӣ мусоидат менамояд.
Роҳбарият ва кормандони Кумита минбаъд низ дар татбиқи ҳадафҳои миллӣ, аз ҷумла амалисозии босифати “Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Русский
English
31