Санаи 26-уми феврали соли 2026 муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Юсуфзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Арабии Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Томир Фатҳӣ Абдуссалом Ҳаммод (бо қароргоҳ дар шаҳри Тошканд) мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ , аз ҷумла, тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорону сармоягузорон, роҳандозӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар бахшҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тарафҳо бо назардошти иқтидор ва имкониятҳои фаровони иқтисодию сармоягузории ҳарду кишвар, омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд, ҷалби сармояи мустақим, густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва мубодилаи таҷриба дар самтҳои афзалиятноки рушд таъкид намуданд.
Ҳамзамон, аҳамияти рушди ҳамкориҳо дар доираи созишномаҳои амалкунанда ва таҳияи санадҳои нави ҳамкорӣ, ки ба густариши шарикии иқтисодӣ мусоидат менамоянд, таъкид карда шуд.

Русский
English
39