Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Мулоқоту вохуриҳо дар ҳошияи нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир

      Рӯзҳои 25-26 феврал, дар  ҳошияи нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолати “С5+Британияи Кабир” раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва ҳайати кишвар дар як қатор мулоқоту вохуриҳо бо роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва ширкатҳои сармоягузорӣ иштирок намуд.

      Дар ҷараёни мулоқот бо Вомик Нур, роҳбари глобалии самти ҷалб ва фарогирии муштариён дар Агентии давлатии содиротӣ қарзии Британияи Кабир (UK Export Finance), масъалаҳои густариши ҳамкориҳои молиявӣ, ҷалби сармоягузорӣ, дастгирии лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва афзоиши иштироки бахши хусусии Тоҷикистон дар бозорҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

      Зимни мулоқот бо Лейди Шейх — раиси созмони «Роҳбарии занон», соҳибкор, намояндаи UN Women дар Британияи Кабир ва сафири созмонҳои хайрия масъалаҳои тавсеаи соҳибкории занон, рушди роҳбарии бонувон, татбиқи ташаббусҳои иҷтимоӣ ва ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

      Дар мулоқот бо Ҷеймс Мюррей, Директори байналмилалии фурӯш дар ширкати Montgomery Group дурнамои ҳамкориҳо дар самти баргузории чорабиниҳои байналмилалии сармоягузорӣ, муаррифии имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

      Дар идома, ҳайат бо роҳбарият ва намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд  (European Bank for Reconstruction and Development), Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ (Asian Infrastructure Investment Bank), Созмони авруосиёии маъданҳои муҳими стратегӣ (Eurasia Critical Minerals Organisation), форуми MINEX, инчунин ширкати ҳуқуқии байналмилалии Norton Rose Fulbright вохурӣ намуд.

      Зимни вохӯриҳо масъалаҳои ҷалби сармоягузориҳо, рушди инфрасохтор ва энергетика, истифодаи иқтидори маъданҳои муҳим, такмили заминаи ҳуқуқӣ барои сармоягузорон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

      Ин мулоқотҳо ба таҳкими муколама бо шарикони байналмилалӣ, муаррифии имкониятҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти мавқеи кишвар ҳамчун самти боэътимоди сармоягузорӣ дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

      АКСҲО:

      26.02.2026
      42
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО