Санаи 3-юми март, дар шаҳри Душанбе вохурии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо Президенти Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Масато Канда баргузор гардид.
Дар мулоқот самтҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд, аз ҷумла нақлиёту энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва бахшҳои дигари муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ. мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, дар вохӯрӣ Ҳоким Холиқзода ва Масато Канда ба татбиқи Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон, ки солҳои 2026-2030-ро дар бар мегирад, расман оғоз бахшида, аз татбиқи муваффақонаи Стратегияи шарикии мамлакат барои солҳои 2021-2025 ва аҳамияти қабули Стратегияи нав барои солҳои 2026-2030 изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Самтҳои асосии Стратегияи мазкурро беҳтар намудани инфрасохтори устувор ва самаранок, таҳкими идоракунии иқтисодӣ ва рақобатпазирӣ, баланд бардоштани фарогирӣ, сифат ва дастрасии хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар бар гирифта, дар он соҳаҳои энергетика ва таъминоти об, нақлиёт ва логистика, рушди бахши хусусӣ, сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист, табдили рақамӣ, баробарии гендерӣ ва фарогирӣ ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок муайян гардидааст.
Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон аз оғози фаъолияти худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 200 лоиҳаро ба маблағи 2,9 миллиард доллари маблағгузорӣ намудааст. Айни замон, дар кишвар тақрибан 20 лоиҳа бо ҳаҷми умумии 914,7 миллион доллар бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд амалӣ карда мешавад, ки 19,5 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории давлатиро ташкил медиҳад. Ин лоиҳаҳо бахшҳои гуногун, аз қабили нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, таъминоти об, тандурустӣ, маориф, рақамикунонӣ, сайёҳӣ, бахши молиявӣ ва ғайраро фаро мегиранд.
Бонки Осиёии Рушд инчунин лоиҳаи «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон»-ро роҳбарӣ менамояд (ҳаҷми умумии маблағгузории он 3,5 миллиард долларро ташкил медиҳад ва дар нуҳ кишвари Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ амалӣ карда мешавад) ва Тоҷикистонро ҳамчун давлати озмоишӣ ба ин тарҳ ворид намудааст. Бонк ҳамчунин лоиҳаи навсозии шоҳроҳи Гулистон-Кӯлобро (якҷоя бо Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ, ки арзиши умумии он тақрибан 80 миллион доллар ва 60 фоизаш саҳми Бонки Осиёии Рушд аст), дастгирӣ мекунад.

Русский
English
69