Санаи 16-уми марти соли 2026 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими баимзорасонии созишномаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ҶДММ «Дента» оид ба лоиҳаи «Сохтмон ва таъсиси маркази тиббии ташхису табобатӣ дар шаҳри Хуҷанд», байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва ҶДММ «Адл» оид ба лоиҳаи «Таҷдид ва муосиргардонии боғи фарҳангӣ ва фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Истаравшан» ва байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон оид ба лоиҳаи «Азнавсозии муассисаи давлатии омактабии №4 «Афсона» ба имзо расонида шуд.
Тибқи лоиҳаҳои мазкур, дар шаҳри Хуҷанд маркази муосири тиббию ташхисӣ ва хизматрасонии дандонпизишкӣ мутобиқ ба стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ таъсис дода мешавад.
Дар шаҳри Истаравшан боғи фарҳангӣ ва фароғатӣ таҷдид ва муосир гардонида шуда, барои истироҳату фароғати сокинон, меҳмонон ва сайёҳон шароити беҳтар фароҳам оварда хоҳад шуд.
Ҳамзамон, дар шаҳри Бӯстон муассисаи томактабии №4 “Афсона” азнавсозӣ гардида, барои таълиму тарбияи кӯдакон муҳити муосир, фарогир ва инноватсионӣ муҳайё карда мешавад, ки ба рушди устувори соҳаи маориф мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки маблағгузории умумии лоиҳаҳо беш аз 35 миллион сомониро ташкил дода, пурра аз ҳисоби бахши хусусӣ амалӣ карда мешавад. Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳаҳо зиёда аз 143 ҷойи кори доимӣ таъсис дода хоҳад шуд.
Татбиқи чунин лоиҳаҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкории судманди давлат ва бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад.

Русский
English
130