Санаи 1-уми апрел дар Душанбе бо ҳамраисии муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Юсуфзода, муовини якуми Вазири молия Юсуф Маҷидӣ ва намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото шарҳи сеҷонибаи маҷмуи лоиҳаҳои аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузоришаванда баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ, инчунин роҳбарони агентиҳои иҷроия ва амаликунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд маблағгузоришаванда иштирок намуданд.
Вобаста ба рафти амалисозии лоиҳаҳо, дастовардҳо ва мушкилоти ҷойдошта ҳисоботи роҳбарони агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд маблағгузоришаванда шунида шуда, ҷиҳати таъмини саривақтии татбиқи онҳо тибқи ҳадафҳои лоиҳавӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҷонибҳо аҳамияти ҳамкории самаранок ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолиятро таъкид намуда, изҳори боварӣ карданд, ки татбиқи босифат ва саривақтии лоиҳаҳо ба рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон, зарурати идомаи назорати мунтазам ва беҳтар намудани идоракунии лоиҳаҳо барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас қайд гардид.
Дар фарҷоми ҷаласа як қатор лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла лоиҳаи намоишӣ оид ба сохтмони "Долони сабз”, лоиҳаҳои “Идоракунӣ ва рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворӣ”, “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ”, “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кудак”, “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика”, “Барномаи рушди соҳаи энергетика”, “Барномаи рушди соҳаи молиявӣ баори вокуниш ба холатхои фавкулодда бо дарназардошти равиши бисёрсатҳии идоракунии хавфҳо” ҳамчун лоиҳаҳои беҳтарин дар давраи ҳисоботӣ бо сертификати Бонки Осиёии Рушд қадрдонӣ карда шуданд.

Русский
English
37