Санаи 8 апрел раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳо, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаҳои афзалиятнок баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, ба имкониятҳои рушди бахши идоракунии соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Ҳамзамон, ҷонибҳо доир ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои кӯҳӣ, беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мубодилаи афкор анҷом доданд. Зикр гардид, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ин самтҳо метавонад ба таҳкими иқтидори иқтисодӣ ва рушди устувори кишвар мусоидат намояд.
Дар анҷоми мулоқот тарафҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд ва татбиқи ташаббусҳои муштарак таъкид намуданд.

Русский
English
33