Санаи 14 апрели соли 2026 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи ҳамкориҳо бо Бонки Умумиҷаҳонӣ муҳокимаи ҷамъиятии лоиҳаи «FINGROW Тоҷикистон: Лоиҳаи рушди дастгирии экосистемаи соҳибкорӣ» баргузор гардид.
Ҳадафи асосии чорабинии мазкур баррасӣ ва такмили ҳуҷҷатҳои чаҳорчӯбавии марбут ба уҳдадориҳои иҷтимоию экологӣ, аз ҷумла идоракунии хавфҳо ва таъсироти экологию иҷтимоӣ, нақшаи ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдор, инчунин тартиби танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар доираи лоиҳа мебошад.
Дар ин замина, иштирокчиён масъалаҳои марбут ба таҳлили вазъи ҷорӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми идоракунии экологӣ ва иҷтимоиро дар доираи лоиҳа мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар муҳокимаи ҷамъиятӣ намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, шарикони рушд, ташкилотҳои молиявӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор фаъолона иштирок намуда, доир ба ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида пешниҳодҳо ва андешаҳои судманд иброз намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки татбиқи самараноки лоиҳаи мазкур ба рушди муҳити мусоиди соҳибкорӣ, беҳтар гардидани дастрасӣ ба маблағгузорӣ, таҳкими иқтидори бахши хусусӣ ва дар маҷмӯъ, ба рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат хоҳад кард.

Русский
English
107