Санаи 15 -уми апрел, ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2026 баргузор гардид.
Дар ҷаласа, аъзои ҳайати мушовара, сардорони воҳидҳои сохтории давлатгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои системаи Кумита, инчунин сардорони раёсату шуъба ва бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо (дар шакли маҷозӣ) иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар семоҳаи якуми соли 2026 мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуда, ба иҷрои нишондиҳандаҳои асосӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, беҳтаргардонии муҳити соҳибкорӣ ва самаранокии идораи амволи давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳамзамон, доир ба масъалаҳои мавҷуда, аз ҷумла такмили муҳити сармоягузорӣ, тақвияти ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои марбута мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар анҷоми ҷаласа вазифаҳои мушаххас барои семоҳаи дуюми соли 2026 муайян гардида, ба роҳбарони сохторҳои дахлдор ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтӣ ва босифати онҳо дастуру супоришҳои дахлдор дода шуданд.

Русский
English
41