30 апрели соли 2026 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ созишномаи грантӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Тавсеаи ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба маблағи 4,7 млн доллар ба имзо расид.
Ҳадафи асосии лоиҳаи болозикр дастгирии рушди соҳибкории занон, аз ҷумла дар соҳаи сайёҳӣ, инчунин рушди малакаҳои соҳибкорӣ тавассути барномаҳои бозомӯзӣ, машваратдиҳӣ ва тақвияти ташаббусҳои иқтисодӣ мебошад. Лоиҳа инчунин ба рушди корхонаҳои хурду миёна, ки таҳти роҳбарии занон фаъолият мекунанд, мусоидат хоҳад кард.
Дар доираи татбиқи лоиҳа таъсиси ҷойҳои нави корӣ пешбинӣ шуда, занон тавассути гирифтани грантҳо дастгирӣ карда мешаванд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба бахшҳои афзалиятнок, аз қабили сайёҳӣ, агробизнес, технологияҳои рақамӣ, инчунин хизматрасониҳои энергетикаи барқароршаванда ва коркарди устувори маҳсулоти кишоварзӣ равона мегардад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ба таҳкими имкониятҳои иқтисодии занон ва рушди бахши хусусӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард.

Русский
English
91