Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баимзорасонии созишномаи сармоягузорӣ

      Санаи 6-уми майи соли 2026 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ «Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Руфтоб» оид ба лоиҳаи муҷаҳҳазгардонии корхонаҳо ва истифодабарандагони дигари энергия бо панелҳои офтобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори умумии 2000 Мвт» ба имзо расонида шуд.

      Лоиҳаи сармоягузорӣ бо мақсади суръат бахшидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар, рушди энергетикаи «сабз», ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия, коҳиш додани норасоии иқтидор дар низоми энергетикӣ, таъмини истифодаи самараноки неруи офтоб, ташкили механизми устувори ҳамкории сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи офтобӣ ва фароҳам овардани шароити устувори иқтисодӣ равона гардидааст.

      Татбиқи лоиҳа ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ва Стратегияи ҷалби сармоя то соли 2040 мутобиқ буда, ба диверсификатсияи манбаъҳои энергия, рушди энергетикаи «сабз» ва коҳиши вобастагӣ аз манбаъҳои воридотӣ равона шудааст.

      Дар доираи амалисозии лоиҳа:

      - иқтидори иловагии энергетикӣ дар ҳаҷми 2000 МВт бунёд мегардад;

      - истеҳсоли солонаи нерӯи барқ ба 3,5 млрд кВт.соат мерасад;

      - зиёда аз 500 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад;

      - сармоягузории мустақим дар ҳаҷми то 1 миллиард доллари ИМА ҷалб мегардад;

      - партовҳои газҳои гулхонаӣ коҳиш ёфта, вазъи экологӣ беҳтар мегардад.

      Ҳамзамон, лоиҳа имконият фароҳам меорад, ки корхонаҳо мустақилона бо нерӯи барқ таъмин гардида, барзиёдии истеҳсол ба шабака интиқол дода шавад. Ин иқдом ба кам намудани сарбории шабакаҳои барқӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи энергия ва афзоиши иқтидори содиротии кишвар мусоидат хоҳад кард.

      Тибқи созишнома, на камтар аз 80 фоизи кормандон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб гардида, барои омода намудани мутахассисони баландихтисос шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

      АКСҲО:

      06.05.2026
      118
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО