Рӯзҳои 8-9 майи соли ҷорӣ, дар шаҳри Пекин, мулоқоту вохуриҳои ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарият ва намояндагони Шӯрои Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба мусоидат ба рушди савдои байналмилалӣ, Корпоратсияи байналмилалии сармоягузории Чин оид ба идораи молу мулк (CITIC Group) ва дигар мақомоту ширкатҳои чинӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқоту вохуриҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақими чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, тақвияти робитаҳо миёни доираҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусии ду кишвар, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, энергетика, нақлиёт, логистика, инфрасохтори рақамӣ ва технологияҳои муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таваҷҷуҳи махсус доир ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак, коркарди ниҳоии ашёи хом, рушди содироти маҳсулоти ватанӣ ба бозори Чин ва истифодаи имкониятҳои транзитию логистикӣ зоҳир гардид.
Ҷонибҳо аҳамияти таҳкими ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯбаи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» таъкид намуда, омодагиро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ изҳор доштанд.

Русский
English
21