Санаи 18-уми май раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо ҳайати Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ мулоқот намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти рушди авиатсияи граждании ҷумҳурӣ, аз ҷумла татбиқи механизмҳои ҳамкорӣ дар доираи шарикии давлат ва бахши хусусӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо доир ба ҷалби сармоя, рушди инфрасохтори соҳа ва истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар татбиқи лоиҳаҳои соҳавӣ табодули афкор намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки рушди инфрасохтори авиатсионӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо дар ин самт метавонад ба густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, рушди сайёҳӣ ва баланд гардидани ҷолибияти сармоягузории кишвар мусоидат намояд.
Ҷонибҳо инчунин омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар соҳаи авиатсияи гражданӣ изҳор намуданд.

Русский
English
53