Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баррасии масъалаҳои ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Санаи 15-уми майи соли 2026 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини  якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ баргузор гардид.

      Дар кори ҷаласаи мазкур, роҳбарият ва аъзои Шуро, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ – муовини раиси Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, роҳбарони як қатор мақомоти назоративу санҷишӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва дигар шахсони масъул иштирок варзиданд.

      Дар ҷаласа, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ, риоя ва иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” ва “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

      Дар ҷаласа гузориши раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода вобаста ба  ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ шунида шуд.

      Зикр гардид, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкориву сармоягузорӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

      Барои ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои соҳибкорон, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳамагуна қонунвайронкуниҳо, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ва ба ин васила аз байн бурдани таъсиррасонию дахолати беасоси мақомоти санҷишӣ ба фаъолияти муътадили соҳибкорон ҳамкории муштарак муҳим арзёбӣ гардида, Кумита дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо ҳамкории зич менамояд.

      Инчунин, ба нақша гирифта шудааст, ки ҷиҳати муайян намудани таъсири натиҷаи татбиқи мораторий ба санҷишҳо ва дар ин замина муайян намудани ҳолатҳои дахолати беасоси мақомоти назоративу санҷишӣ ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар байни соҳибкорон гузаронидани пурсишнома ба роҳ монда шаванд.

      Тибқи рӯзномаи ҷаласа, ҳамзамон гузоришҳои сардори Раёсати назорати иҷрои қонунгузории андоз, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкории Прокуратураи генералӣ, роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Агентии назорати давлатии энергетикӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва Иттиҳодияҳои рушди бахши хусусии Тоҷикистон шунида шуд.

      Аз натиҷаи ҷаласа вобаста ба ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои соҳибкорон, пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, коҳиш додани дахолати беасоси мақомоти санҷишӣ ва таъмини риояи талаботи меъёрии қонунгузорӣ вазифаҳои мушаххас муайян карда шуданд.

       

      АКСҲО:

      16.05.2026
      13
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО