Санаи 20 май раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо муовини сардори департамент хонум Ирина Фрай ва менеҷери барномаҳо оид ба Осиёи Марказии Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Михаэл Мозер мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию техникӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси Кумита аз сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Швейтсария изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодиро дар татбиқи барномаҳои рушди иқтисодӣ, беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ ва рушди инфрасохтор муҳим арзёбӣ кард.
Дар навбати худ, намояндагони Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳо ва дастгирии ташаббусҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои рушди устувори иқтисодиёт ва тақвияти бахши хусусӣ таъкид намуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба густариши ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки судманд ҳавасмандии худро иброз доштанд.

Русский
English
32