Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо доираи васеи соҳибкорон дар шаҳрҳои Кулоб ва Бохтари вилояти Хатлон

      Рӯзҳои 21 - 22 майи соли 2026 бо мақсади шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти соҳибкорӣ, аз ҷумла мораторий ба санҷишҳо, низоми иҷозатдиҳӣ, дастгирии соҳибкорӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бо доираи васеи соҳибкорону сармоягузорон ва ҷалби масъулини мақомоти назоративу санҷишӣ ва дигар мақомоти давлатӣ дар шаҳрҳои Кулоб ва Бохтари вилояти Хатлон баргузор гардид.

      Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, намояндагони Прокуратураи генералӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи андоз ва дигар мақомоти давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

      Қайд карда шуд, ки фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷаҳони муосир воситаи муҳимми рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини суботи иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, дар иқтисодиёти бозоргонӣ ягона соҳае, ки ба пешрафти зиндагӣ ва таъмини одамон бо шуғл нақши калидиро мебозад, соҳибкорӣ эътироф гардидааст.

      Бинобар ин, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва фароҳам овардани шароити мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ яке аз мақсадҳои асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат муқаррар гардидааст.

      Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти муҳим дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусивӣ гузаронида шуд, ки натиҷаҳои назаррас дода истодааст. Аз ҷумла, ислоҳоти қонунгузорӣ дар бахши сармоягузориву соҳибкорӣ гузаронида шуда, заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа мукаммал гардонида шуд.

      Дар анҷоми чорабинӣ музокирот ва саволу ҷавоби озод бо доираи соҳибкорон ва намояндагони мақомоти назоративу санҷишӣ ва дигар мақомоти давлатӣ баргузор карда шуда, таклифҳои дахлдор вобаста ба рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ пешниҳод карда шуданд.

       

      АКСҲО:

      22.05.2026
      33
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО