Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баргузории форуми сатҳи баланд оид ба сармоягузорӣ таҳти унвони «Сафарбаркунии сармоягузориҳои хусусӣ ва маблағгузории инноватсионӣ барои инфрасохтори об дар кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ»

      25 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар доираи Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018–2028, Форуми сатҳи баланд оид ба сармоягузорӣ таҳти унвони «Сафарбаркунии сармоягузориҳои хусусӣ ва маблағгузории инноватсионӣ барои инфрасохтори об дар кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ»  баргузор гардид.

      Форуми мазкур аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари намояндаи олии СММ оид ба кишварҳои тараққикарда, рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ ва давлатҳои хурди ҷазиравии рӯ ба тараққӣ ташкил карда шуд.

      Дар Форум намояндагони ҳукуматҳо, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ роҳҳои амалии ҷалби сармоя ба инфрасохтори устувор ва ба иқлим мутобиқшудаи обӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкиро баррасӣ намуданд.

      Зимни суханронии ифтитоҳии худ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва дигар иштирокчиёни ҷаласа зарурати таҳкими шарикии давлат ва бахши хусусӣ, густариши механизмҳои маблағгузории омехтаю инноватсионӣ ва беҳтар намудани дастрасӣ ба сармоягузориҳои дарозмуддатро барои лоиҳаҳои инфрасохтори обӣ таъкид намуданд.

      Ҳамчунин, дар Форум аҳамияти воситаҳои инноватсионии молиявӣ, маблағгузории иқлимӣ, механизмҳои тақсими хавфҳо ва ҳамкории минтақавӣ дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об барои кишварҳои маҳрум аз баҳр мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

      Форум ҳамчун платформаи муҳим барои табодули таҷриба, таҳкими шарикӣ ва муайян намудани роҳҳои амалии суръат бахшидан ба сармоягузорӣ дар идоракунии устувори захираҳои об ва рушди инфрасохтор ба ҳисоб рафта, натиҷаҳои он дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти рушди устувор ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат хоҳад кард.

      АКСҲО:

      25.05.2026
      56
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО