Санаи 4-уми июни соли 2026, вохурии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо як қатор роҳбарону масъулини ширкатҳои сармоягузори ватанию хориҷӣ, ки лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузориро дар доираи механизми созишномаи сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар татбиқ намуда истодаанд, баргузор гардид.
Дар ҷаласа, инчунин намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи андоз, Агентии омор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласа Раис Султон Раҳимзода бо натиҷагирӣ аз рафти татбиқи созишномаҳои сармоягузорӣ, муҳимияти ҳамкорӣ ва муколамаи доимию созандаро байни мақомоти давлатӣ ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ таъкид намуда, изҳор дошт, ки ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои навовариву рақобатпазир яке аз афзалиятҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири таъмини рушди устувор иқтисодиёти кишвар мебошад.
Дар ҷаласа, инчунин масъалаҳои мубрами марбут ба фароҳам овардани шароити мусоиду рақобатпазири сармоягузорӣ, рафъи монеаҳои мавҷуда дар раванди татбиқи лоиҳаҳо, такмили механизмҳои ҳамкорӣ байни сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ, инчунин масъалаҳои молиявию ҳуқуқӣ ва техникии татбиқи лоиҳаҳо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Иштирокчиёни ҷаласа оид ба беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ, содда кардани тартибу расмиётҳои маъмурӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва афзоиши шаффофияти фаъолияти иқтисодӣ пешниҳодҳои мушаххас ва судманд пешкаш намуданд.
Ҷонибҳо, инчунин ба натиҷаҳои мусбати татбиқи лоиҳаҳои амалишуда баҳои баланд доданд ва таъкид намуданд, ки густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд, фаъолсозии муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, инчунин таҳкими заминаҳои ҳуқуқию иқтисодии соҳибкорӣ омилҳои калидии таъмини рушди иқтисодии кишвар ба шумор мераванд.
Дар фарҷоми ҷаласа зикр гардид, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати ҳалли саривақтии масъалаҳои мавҷудаи соҳибкорону сармоягузорон, татбиқи саривақтию самараноки лоиҳаҳо, такмили фазои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти миллӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, ба ин самтҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир хоҳад кард.

Русский
English
42