Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Маросими баимзорасонии созишномаҳои сармоягузорӣ

      Санаи 4 июни соли 2026 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ маросими баимзорасонии созишномаҳои сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Канзи Диёр» ва «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» баргузор гардид.

      Созишномаҳои сармоягузорӣ бо ҶДММ «Канзи Диёр» таъсис ва рушди корхонаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳо дар шаҳр Панҷакент ва бо ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» татбиқи лоиҳаи сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи истихроҷ ва коркарди тилло дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғдро пешбинӣ менамояд.

      Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ дар доираи созишномаи сармоягузорӣ бо ҶДММ «Канзи Диёр» 500 миллион сомониро ташкил дода, дар сурати зарурат имконияти афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ низ пешбинӣ шудааст. Мутобиқи созишнома, корхонаи муосири истихроҷ ва коркарди маъдан таъсис дода мешавад, ки фаъолияти он тамоми занҷираи истеҳсолиро аз истихроҷи ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии рақобатпазир дар бар мегирад. Дар доираи лоиҳа равандҳои бойгардонӣ, коркарди металлургӣ, аффинаж ва дигар марҳилаҳои технологӣ ба роҳ монда мешаванд.

      Тибқи созишномаи сармоягузорӣ бо ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» ҷалби беш аз 600 миллион сомонӣ сармоя пешбинӣ гардидааст.

      Татбиқи пурраи лоиҳаҳои болозикр мазкур имкон медиҳад, ки зиёда аз 300 ҷойи кории нав таъсис дода шуда, аҳолии маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шавад.

      Амалисозии лоиҳаҳо ҷиҳати татбиқи амалии «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва ҳадафи чоруми стратегии миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, инчунин ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, рушди инфрасохтори истеҳсолию иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи даромад ва некуаҳволии аҳолӣ, воридоти технологияҳои муосир, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.

      АКСҲО:

      04.06.2026
      25
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО