Санаи 8-уми июни соли 2026 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо мудири минтақавӣ оид ба Аврупо ва АвруОсиёи Маркази соҳибкории хусусии байналмилалии назди Палатаи савдои Амрико хонум Наталия Отел Белан ва ҳайати ҳамроҳи ӯ мулоқот намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази соҳибкории хусусии байналмилалии назди Палатаи савдои Амрико (CIPE) дар самти дастгирии бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва таҳкими муколамаи давлату бахши хусусиро мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Ҳамчунин, ҷонибҳо баргузории форуми навбатии ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби «С5+1»-ро дар соли 2027 дар шаҳри Душанбе, баррасӣ намуданд.
Дар анҷоми мулоқот, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи ташаббусҳои муштарак ҷиҳати рушди устувори иқтисодӣ, беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ ва густариши имкониятҳои сармоягузорӣ таъкид намуданд.

Русский
English
36