Тибқи нашри моҳи июни соли 2026 гузориши Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) таҳти унвони Regional Economic Prospects 2026, Тоҷикистон суръати баланди фаъолияти сармоягузориро нигоҳ дошта, дар қатори иқтисодҳои босуръат рушдёбандаи Осиёи Марказӣ қарор дорад.
Бино ба маълумоти БАТР, дар семоҳаи якуми соли 2026 ҳаҷми сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,2 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин нишондиҳанда яке аз баландтарин сатҳҳо дар минтақа буда, аз татбиқи фаъоли лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва истеҳсолӣ шаҳодат медиҳад.
Барои муқоиса, афзоиши сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ дар ҳамин давра дар Қирғизистон 25,5 фоиз ва дар Қазоқистон 6,4 фоиз-ро ташкил додааст.
БАТР қайд менамояд, ки фаъолияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби татбиқи лоиҳаҳои бузурги давлатии инфрасохторӣ, аз ҷумла идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», рушди бахши саноат ва тавсеаи иқтидорҳои истеҳсолии кишвар дастгирӣ мегардад.
Суръати баланди афзоиши сармоягузорӣ ҳамзамон бо рушди назарраси истеҳсолоти саноатӣ ҳамроҳ буда, тибқи маълумоти БАТР, ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ дар семоҳаи якуми соли 2026 29,6 фоиз афзоиш ёфтааст.
Тамоюли мусбати фаъолияти сармоягузорӣ аз эътимоди устувор ба иқтисодиёти Тоҷикистон шаҳодат дода, барои ҷалби бештари сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ ба бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Манбаъ: БАТР (EBRD), Regional Economic Prospects, June 2026.

Русский
English
37