15 июни соли 2026 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва раиси Шурои директорони гурӯҳи ширкатҳои «Файсал Холдинг» Ҷаноби Олӣ Шайх Файсал ибни Қосим Оли Сонӣ ва ҳайати ҳамроҳи ӯ мулоқот анҷом дод.
Дар оғози мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳаммияти таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳоро дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таъкид карданд.
Раиси Кумита Султон Раҳимзода ба меҳмонон оид ба ислоҳоти иқтисодӣ, имконият ва афзалиятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Таваҷҷуҳи махсус ба имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, аз ҷумла энергетикаи «сабз», саноат, кишоварзӣ, инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ, сайёҳӣ, хизматрасониҳои молиявӣ ва бонкӣ, инчунин рушди инфрасохтори муосир зоҳир карда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба роҳандозии лоиҳаҳои нави муштараки сармоягузорӣ ва иштироки ширкатҳои қатарӣ дар татбиқи барномаҳои рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ муҳокима намуданд.
Шайх Файсал ибни Қосим Оли Сонӣ аз пешрафтҳои иқтисодии Тоҷикистон ва сиёсати пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии сармоягузорон ва рушди бахши хусусӣ истиқбол намуда, омодагии худро барои баррасии имкониятҳои нави ҳамкорӣ ва оғози татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар наздиктарин фурсат изҳор дошт.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва татбиқи ташаббусҳои муштарак ба хотири таҳкими робитаҳои иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Қатар таъкид намуданд.

Русский
English
77