Санаи 19 июни соли 2026 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷаласа оид ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи Кумита иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ ба ҳозирин оид ба аҳамият ва дастовардҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, масъулият ва оқибатҳои риоя накардани талаботи он маълумот пешниҳод гардида, мафҳумҳо ва муқаррароти асосии қонун шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Инчунин, тартиби баргузории ҷашнҳои расмӣ, зодрӯз, хатнасур, тӯйи домодию арӯсӣ, маросими ҳаҷ ва умра, маросими дафну азодорӣ, вақт ва давомнокии баргузории ҷашну маросим, инчунин тартиби тариқи электронии маъракаву маросимҳо тавассути сомонаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.tanzim.tj) ба иштирокчиён фаҳмонда шуд.
Дар анҷоми ҷаласа муҳтавои ҳар як боб ва моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин ҷазоҳои пешбинишуда барои вайрон намудани талаботи он ба таври муфассал шарҳ дода шуда, ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.

Русский
English
23