Ҳамватанони азиз!
Ҳамкасбони гиромӣ!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён ҳамаи Шуморо ба муносибати яке аз муқаддастарин ва сарнавиштсозтарин ҷашнҳои давлатдории навинамон 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ иртиботи ногусастанӣ дорад, самимона табрику таҳният мегӯям.
Имсол таҷлили ин санаи муқаддас барои мардуми Тоҷикистон аҳаммияти боз ҳам бештар касб намуд. Зеро ҳамагӣ чанд рӯз пеш, санаи 25-уми июн, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда" қабул намуд, ки далели равшани эътирофи ҷаҳонии сиёсати сулҳҷӯёна ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон буда, боиси ифтихору сарфарозӣ ва фараҳмандии тамоми мардуми кишвар мебошад.
Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ, идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарварона ва ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бори дигар нуфузи байналмилалӣ ва нақши пешсафи кишвари моро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ собит намуд.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик танҳо як ҷашни сиёсӣ нест, балки рамзи пирӯзии хирад бар ҷаҳолат, сулҳ бар низоъ, ваҳдат бар парокандагӣ ва умед бар ноумедӣ буда, таҷассумгари иродаи қавии миллатест, ки дар лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсоз тавонист бо такя ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги сулҳ ва масъулияти шаҳрвандӣ роҳи наҷот ва эҳёи давлатдории худро интихоб намуд.
Дар тамоми марҳилаҳои таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик ваҳдат ҳамчун пояи бақои миллат ва омили асосии пойдории давлатдорӣ хизмат кардааст. Агар ба мероси гаронбаҳои ниёгони худ назар афканем, хоҳем дид, ки дар осори безаволи устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигар бузургони илму адабамон ҳамеша ғояҳои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоду ҳамбастагӣ ҷойгоҳи меҳварӣ дошта, маҳз ҳамин арзишҳо боис гардиданд, ки миллати тоҷик дар тӯли асрҳо аз сахттарин имтиҳонҳои таърихӣ гузашта, ҳувияти миллӣ ва фарҳанги давлатдории худро ҳифз намуд.
Дар охири асри гузашта, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, кишвари мо ба яке аз давраҳои фоҷиабортарини таърихи худ рӯ ба рӯ гардид. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор шаҳрвандони кишвар, овора гардидани зиёда аз як миллион нафар, харобшавии иқтисоди миллӣ, аз фаъолият бозмондани корхонаҳо, коҳиши истеҳсолот ва коста гардидани эътимоди ҷомеа ба ояндаи давлат гардид.
Дар чунин шароити бисёр ҳассосу тақдирсоз таърих ба миллати тоҷик шахсиятеро ато намуд, ки тавонист сарнавишти миллатро дигаргун сохта, бо ҷасорат, иродаи матин, масъулияти бузурги таърихӣ ва муҳаббати бепоён ба Ватан, зимоми роҳбарии давлатро ба зимма гирифта, рисолати муқаддаси наҷоти миллат ва барқарор намудани сулҳу суботро бар дӯш гирад.
Дар он рӯзҳои пурошӯб суханони таърихии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ман ба Шумо сулҳ меорам!»,барои мардум танҳо як ваъдаи сиёсӣ набуд, балки нидои умед, эътимод ва оғози марҳилаи нави эҳёи давлатдории тоҷикон гардид. Маҳз ҳамин эътимод Тоҷикистонро аз вартаи парокандагӣ ба роҳи сулҳу ваҳдат, аз ноумедӣ ба сӯи созандагӣ ва аз буҳрон ба сӯи рушди устувор раҳнамун сохт.
Дар роҳи расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд тамоми қишрҳои ҷомеа, неруҳои сиёсӣ, намояндагони зиёиён, аҳли фарҳанг, рӯҳониён, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалиро ба хотири як ҳадафи олӣ – ҳифзи давлат ва наҷоти миллат муттаҳид созанд.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз аз доираи як рӯйдоди таърихии миллӣ берун рафта, ба мавзӯи муҳими таҳқиқоти сиёсӣ ва илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Коршиносон ва пажӯҳишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҷрибаи Тоҷикистонро ҳамчун намунаи муваффақи барқарорсозии сулҳ пас аз низоъ мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Бесабаб нест, ки Дабири кулли вақти Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан таъкид намуда буд, ки «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон сазовори он аст, ки ҳаматарафа омӯхта шавад.» Ин баҳои баланд далели он аст, ки сулҳи тоҷикон танҳо пирӯзии як миллат набуда, балки саҳми арзишманд дар ғанӣ гардонидани таҷрибаи ҷаҳонии сулҳофарӣ мебошад.
Ҳамватанони азиз!
Имрӯз Тоҷикистон аз баракати сулҳу ваҳдати миллӣ ба марҳилаи нави рушди худ ворид гардидааст. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ ҳазорҳо корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳу нақбҳо, пулҳо, неругоҳҳои азим, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Маҳз дар фазои сулҳу оромӣ ислоҳоти иқтисодӣ амалӣ гардида, фазои мусоиди сармоягузорӣ ташаккул ёфт, соҳибкорӣ рушд намуд ва Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимоди ҷомеаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид. Имрӯз беш аз ҳар вақти дигар равшан аст, ки рушди устувори иқтисодӣ, ҷалби сармоя, татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум танҳо дар шароити сулҳу суботи пойдор имконпазир мебошад.
Ҳар як сармоягузоре, ки Тоҷикистонро барои фаъолияти худ интихоб мекунад, пеш аз ҳама ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, кафолати ҳуқуқӣ ва эътимод ба сиёсати давлат такя мекунад.
Аз ин рӯ, вазифаи мо аз он иборат аст, ки бо фаъолияти софдилона, касбият, масъулияти баланд ва татбиқи сиёсати иқтисодии роҳбарияти олии мамлакат дар таҳкими иқтидори иқтисодӣ ва сармоягузории кишвар саҳми арзандаи худро гузорем.
Бо чунин ормонҳои нек, тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳайати кормандони Кумитаро ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули қатъномаи таърихии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» табрику таҳният гуфта, ба ҳар як хонадони Тоҷикистони азиз сулҳу сафо, ваҳдати ҷовидона, файзу баракат, саодати рузгор ва ба Ватани маҳбубамон пешрафти рӯзафзун, иқтидори иқтисодии боз ҳам бештар ва суботи пойдорро таманно дорам.
Бигзор Ваҳдати миллӣ ҳамеша поянда, Истиқлолияти давлатӣ ҷовидон ва Тоҷикистони маҳбубамон ободу шукуфон бошад!
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бод!

Русский
English
40