Санаи 10 июл раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо раиси Шӯрои директорони ширкати Shaanxi Apple Group Co., Ltd. ҷаноби Ян Сисюн мулоқот анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи густариши ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла ташкили боғҳои муосири интенсивии себ, истеҳсоли ниҳолҳои баландсифат, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи агросаноатӣ, инчунин нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти боғдориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот масъалаи ҷалби сармоягузорӣ, омӯзиши имкониятҳои таъсиси боғҳои интенсивии себ, муайян намудани қитъаҳои замини мувофиқ барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, таъсиси инфрасохтори зарурӣ, инчунин рушди ҳамкориҳо дар самтҳои нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак метавонад ба рушди соҳаи боғдорӣ, ворид намудани технологияҳои муосир, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин саҳми назаррас гузорад.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар моҳи майи соли ҷорӣ байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ширкати Shaanxi Apple Group Co., Ltd. ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Русский
English
40