31 июли соли 2026| шаҳри Душанбе
Имруз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷаласаи якуми Комиссия оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол» баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва тадорукотии озмун, тартиби қабул ва баррасии ҳуҷҷатҳои довталабон, меъёрҳои арзёбии фаъолияти онҳо, муайян намудани ғолибон ва тартиби қадрдонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни муҳокима ба масъалаҳои таъмини шаффофияти раванди баргузории озмун, арзёбии дастовардҳои соҳибкорон ва интихоби довталабони арзанда таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид карда шуд, ки ҳангоми ҷамъбасти натиҷаҳо саҳми иштирокчиён дар рушди истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, афзоиши содирот ва иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоию андозӣ ба инобат гирифта шавад.
Дар фарҷоми ҷаласа вазифаҳои аъзои Комиссия ва сохторҳои масъул муайян гардида, барои сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои омодагӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Русский
English
33