Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      МУКОЛАМАИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА КОҲИШИ ХАВФҲОИ МАРБУТ БА ТАНИШҲОИ ГЕОПОЛИТИКӢ ДАР ХОВАРИ МИЁНА БА ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН

      шаҳри Душанбе|28 августи соли 2026

      Имрӯз, дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода муколамаи сатҳи баланд оид ба коҳиши хавфҳои марбут ба танишҳои геополитикӣ дар Ховари Миёна ба иқтисодиёти Тоҷикистон баргузор гардид.

      Дар чорабинӣ роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва шарикони рушд иштирок намуданд.

      Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода иброз намуд, ки шиддат гирифтани танишҳои геополитикӣ дар Ховари Миёна метавонад ба равандҳои иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла устувории занҷираҳои таъминот, арзиши маводи сузишворӣ ва озуқаворӣ, хароҷоти нақлиётиву логистикӣ, гардиши савдои хориҷӣ, ҷараёни сармоягузориҳо ва раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ таъсир расонад.

      Дар ин замина, масъалаҳои арзёбии таъсири эҳтимолии вазъи геополитикӣ ба иқтисодиёт, муайян намудани хавфҳои кӯтоҳмуҳлату миёнамуҳлат ва андешидани чораҳои саривақтии пешгирикунанда мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъалаҳои ҷалби маблағҳои иловагӣ барои таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, бознигарии портфели лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ бо дарназардошти вазъи тағйирёбандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, пешгирии таъсири хавфҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, идомаи ислоҳот ва суръат бахшидан ба раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

      Иштирокчиён доир ба роҳҳои ҳифзи суботи макроиқтисодӣ, нигоҳдории сатҳи зарурии захираҳо, дастгирии бахши хусусӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба рушди иқтисоди миллӣ мубодилаи афкор намуда, зарурати диверсификатсияи манбаъҳои маблағгузорӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд, ҷалби бештари маблағҳои грантӣ ва имтиёзнок, истифодаи механизмҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, маблағгузории омехта ва дигар воситаҳои муосири молиявиро муҳим шумориданд.

      Намояндагони шарикони рушд омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳлили хавфҳои эҳтимолӣ, сафарбар намудани захираҳои иловагии молиявӣ, пешниҳоди машваратҳои коршиносӣ ва дастгирии татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок изҳор намуданд.

      Таъкид карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи суботи макроиқтисодӣ, таъмини идомаи татбиқи лоиҳаҳои муҳимми стратегӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолии беруна тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

       

      АКСҲО:

      28.08.2026
      53
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО