Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Шаҳри Душанбе, 2 сентябри соли 2026

      Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

      Дар ҷаласа роҳбарияти Кумита, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ роҳбарон ва собиқадорони соҳа, инчунин кормандони дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои низоми Кумита иштирок намуданд.

      Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода зимни суханронӣ ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни муқаддасу сарнавиштсоз табрик гуфта, доир ба аҳаммияти таърихии Истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ ибрози андеша намуд.

      Зикр гардид, ки дар 35 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва меҳнати созандаи мардум дар тамоми самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ин давра пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, барои рушди устувори иқтисодиёт, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муҳими давлатӣ ва идоракунии самараноки молу мулки давлатӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.

      Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Нилуфар Муҳаммадюсуф ва Солизода Наима Шодибой зимни суханрониҳои худ аҳли Кумитаро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик гуфта, оид ба нақши Истиқлол дар эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таъмини рушди босуботи мамлакат андешаронӣ намуданд.

      Ҳамчунин, собиқадори хизмати давлатӣ ва собиқ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Шариф Раҳимзода суханронӣ намуда, доир ба марҳалаҳои ташаккулу рушди Кумита ва дастовардҳои он дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози назар кард.

      Қайд гардид, ки фаъолияти содиқонаи роҳбарону мутахассисони соҳа дар марҳалаҳои гуногун барои ташаккули заминаҳои ҳуқуқию институтсионалӣ, татбиқи сиёсати хусусигардонӣ, ҷалби сармоя, рушди соҳибкорӣ ва такмили низоми идоракунии молу мулки давлатӣ нақши назаррас гузошта, таҷрибаи андӯхтаи собиқадорон барои насли имрӯзаи кормандон мактаби арзишманди омӯзиш ва намунаи ибрати касбӣ ба шумор меравад.

      Дар доираи ҷаласаи тантанавӣ як қатор собиқадорони хизмати давлатӣ ва кормандоне, ки бо фаъолияти содиқона ва меҳнати пурсамар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, инчунин ғолибони озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ» ва мусобиқаи футбол байни дастаҳои Кумита бо Сипосномаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

      Дар анҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки кормандони Кумита минбаъд низ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба давлату миллат барои татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва идоракунии самараноки молу мулки давлатӣ тамоми неру ва имкониятҳои худро сафарбар хоҳанд кард.

       

      АКСҲО:

      02.09.2026
      75
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО