11 сентябри соли 2026, шаҳри Душанбе
Имрӯз, дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорон ва Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа роҳбарият ва аъзои Кумитаи тадорукот, инчунин дигар сохторҳои дахлдори кишвар иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа маҷмӯи масъалаҳои ташкилӣ ва омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва мундариҷавӣ баргузор намудани мулоқот ва Форуми соҳибкорӣ, ки рӯзҳои 14–15 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар доираи рӯзномаи ҷаласа оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда, консепсия ва барномаи Форум, барномаи «Ҳафтаи соҳибкорӣ», ташкили форуму ҳамоишҳои соҳавӣ, намоишгоҳи дастовардҳои соҳибкорони ватанӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин чорабиниҳои фарҳангӣ маълумот пешниҳод гардид.
Ҳамзамон, масъалаҳои вобаста ба рамз ва ороиши ягонаи чорабиниҳо, таҳияи харҷнома, муайян намудани теъдод ва ҳайати иштирокчиён, даъвати соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, соҳибкорони бурунмарзӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои молиявӣ баррасӣ карда шуданд.
Инчунин, масъалаҳои омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол», муайян намудани номзадҳо аз рӯйи номинатсияҳои муқарраргардида, таҳияи тарҳи мукофоту сипосномаҳо ва ҷамъбасти озмун муҳокима гардиданд.
Вобаста ба тарғибу ташвиқ ва инъикоси васеи чорабиниҳо дар воситаҳои ахбори омма, омода намудани маводи иттилоотӣ, барномаҳои телевизиониву радиоӣ, филми мустанад, роликҳои муаррифӣ ва ташкили кори мунтазами воситаҳои ахбори омма дастурҳои дахлдор дода шуданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа ба вазорату идораҳо ва сохторҳои масъул ҷиҳати тақвияти корҳои омодагӣ ва таъмини иҷрои босифату саривақтии вазифаҳои пешбинишуда супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Русский
English
53